Один таджикский спортсмен поедет на ЧМ по армрестлингу
Дар рӯзи охири мусобиқаи Tashkent Grand Slam 6 нафар ҷудокори кишвар рӯи татами баромаданд.
ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Амирҷони Насимҷон (90 кг) рақобатро дар даври нахуст ба Теодорос Тселидис (Юнон) бо се шидо бохт. Комроншоҳи Устопириён (90 кг), ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм ҳарифаш аз Италия – Ригано Лоренсо бо усули буғӣ кардан (удэ-хишиги-ҷудҷи-гатамэ) таслим кард.
Дар рақобати шадиди даври дуюм Комроншоҳ бо ҷоизадори Бозиҳои олимпии Рио-2016 ва ду карат қаҳрамони сабқатҳои Гранд Слэм, ҷудокори Корея – Донгҳан Гвак рӯ ба рӯ шуд. Дар вақти тиллоӣ ҷудочии пурқудрати Корея пас аз иҷрои “учимата” имтиёзи “иппон” касб намуда, роҳи варзишгари тоҷикро ба марҳилаи баъдӣ баст.
Саидҷалол Саидов (100 кг) дар даври аввал бо дарёфти се танбеҳ аз варзишгари Дания – Мадсен Матиас шикаст хурд. Мансур Раҳмон (100 кг) қувваозмоиро аз даври дуюм бо чемпиони Африқо-2020 – Рамадан Дарвиш оғоз кард. Дар дақиқаи охири нерӯсанҷӣ, ҷудочии пуртаҷрибаи мисрӣ Мансурро дар ҳолати “осаекоми” нигоҳ дошта, бо баҳогузории иппон ғолиб шуд.
Еней Маринич (Словения) дар муддати 22 сония бо иҷрои усули “косото-гакэ” Шакармамад Мирмамадовро (+100кг) мағлуб кард. Темур Раҳимов (+100 кг) дар даври якум озод буда, дар даври дуюм бо намояндаи Венгрия – Ричард Сипотс нерӯсанҷӣ кард.
Ҳарифи Темур ба хотири камфаолӣ ва ҳамеша дар ҳоли дифоъ будан се танбеҳ дарёфт карда, рақобатро ба ҷудокори тоҷик бохт. Дар даври сеюм ҷудокори гурҷӣ – Адам Окруашвили низ бо дарёфти се шидо мағлуб шуд.
Дар чорякниҳоӣ Темур дар муқобили Кокоро Кагэура аз кишвари Ҷопон қарор гирифт. Кагэура, ки соҳиби медали тиллои Париж-2018 ва барандаи медали биринҷии Мастерс дар соли 2019 мебошад, аз назари тактикӣ беҳтар амал кард ва боис гардид, ки дар “голден скор” Темур бо дарёфти се танбеҳ шикаст бихурад.
Дар даври тассалобахш Темур бо осонӣ бар ҳарифаш аз Финляндия – Марти Пуумалайнен бо иҷрои “учимата” пирӯз гардид. Ҳамин тариқ, барои дарёфти медали биринҷии ин чорабинии бонуфуз, Темур бо ҷудочии 21-солаи Олмон – Эрик Абрамов рӯ ба рӯ шуд. Дар ин қувваозомии пуршиддат мутаассифона, Темур бо дарёфти ду “ваза-ари” шикаст хурд ва мақоми 5-умро соҳиб шуд.
Мусобиқаи Tashkent Grand Slam хотима ёфт. Темур барои ҷои панҷум 360 хол ба даст овард, ки ин мавқеашро дар раддабандии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио мустаҳкамтар хоҳад кард.